Сиёҳ ва бе дона: Ӯзбекистон навъи нави тарбузро корид - навор

Навъи нави тарбузро деҳқонони Ӯзбекистон парвариш намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар вилояти Қашқадарё навъи нави тарбуз истеҳсол шудааст, ки ҳаҷман хурд, вале серобу бе дона аст. Муҳимтар аз ҳама, ранги тарбуз сиёҳ аст, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
Манбаъ меафзояд, ин тарбуз номи Style гирифт ва барои содирот пешбинӣ шудааст.
"Мо бори аввал бо тавсияи харидорони Русия, навъи нави тарбузи Style-ро парвариш кардем. Ин тарбуз дар гармхонаҳо кошта шуда, барои содирот нигаронида шудааст. Ин навъ тарбуз аллакай моҳи май пухтааст", - шарҳ додааст Улуғбек Ҷумъаназаров, деҳқоне, ки ба парвариши тарбуз машғул аст.
Новый сорт арбуза Style
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон низ яке аз истеҳсолкунандаҳои ин навъ полезӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳсули заҳмати деҳқонони тоҷик асосан ба Русия фиристода мешавад ва аз ҷониби харидорони хориҷӣ низ баҳои баланд гирифтааст.