Раҳимзода бо мақомдорони Эрон амният, мубориза бо терроризму ифротгароиро баррасӣ мекунад

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳадафи гуфтугӯ ва ройзанӣ дар хусуси масоили дуҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ вориди Теҳрон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ба гузориши ИРНА, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз бо истиқболи Бобаки Динпараст, муовини ҳамоҳангии умури иқтисодӣ ва тавсеаи минтақаии вазири кишвари Эрон, вориди Теҳрон шуд.
Дар ин сафари кории серӯза, Раҳимзода бо Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвар (умури дохили) -и Эрон дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи амният, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, имзои суратҷаласаҳои ҳамкорӣ дар хусуси мавзӯоти амниятӣ ва сиёсии кишвар, вориди гуфтугӯ хоҳанд шуд.
Генерал Раҳимзода ба Эрон рафт: бо киҳо ва чиро баррасӣ мекунад
Дидор бо сардори сартип Ҳусайни Аштарӣ, фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон, аз дигар меҳварҳои муҳими сафари вазири дохилии Тоҷикистон ба Теҳрон аст ва қарор аст дар маросими субҳгоҳӣ воҳиди вижаи нерӯи интизомии Эрон ҳузур ёбад.
Боздид аз марокизи таърихӣ, фарҳангӣ ва гардишгарии шаҳри Шероз, аз дигар барномаҳои муҳими вазири дохилии Тоҷикистон дар сафари серӯзааш ба Эрон аст.