"Ҳама тағйир ёфт": пойгоҳҳои бузурги низомии Амрико дигар ҳимоя надоранд

Артиши Амрико дар саросари ҷаҳон дигар амниятро эҳсос намекунад. Таҳлилгарони Маркази баҳодиҳии стратегӣ ва буҷетӣ (Center for Strategic and Budgetary Assessments, CSBA) бар онанд, ки пойгоҳҳои низомӣ дар хориҷ аз кишвар бар ҳамлаҳо хеле осебпазиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik, Андрей Коц. Ба гуфтаи онҳо Русия ва Чин метавонанд, имконияти дифоии ин пойгоҳҳоро нобуд созанд ва аз ин рӯ ба ҳамин хотир онҳо ба низому силоҳҳои муоссир ниёз доранд. Гуфта шудааст дар бораи хулосаҳо ва тавсияҳои CSBA.

Осебпазирии аслӣ

Имрӯз амрикоиҳо дар саросари ҷаҳон беш аз 800 пойгоҳи низомӣ доранд. Аксари онҳо аз соли 1945 бехатар ва осебпазир ҳисобида мешуданд. Пентагон одат кардааст, ки ҳамлаҳои маҳдуд бо мушакҳои балестикӣ ва болдор ба кишварҳои монанд Кореяи Шимолӣ ва Эрон, ки онҳоро ҳамчун яке аз таҳдидҳои асосӣ медонад, баррасӣ намояд. Аммо, коршиносони CSBA маҷбуранд тасдиқ намоянд: силоҳи зиддиҳавоии мавҷуда барои дафоъ ҳамла аз ҳамлаҳои низомиёни Чин ё Русия кифоят нахоҳад кард.
"Системаи дифоъи пойгоҳҳои хориҷии мо наметавонад бо шумораи зиёди мушакҳо ё паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бесарнишин) мубориза барад, - гуфта мешавад дар гузориши Маркази баҳодиҳии стратегӣ ва буҷа. - Имрӯз мо асосан ба низомҳои дифоъи ҳавоӣ ва мушакӣ такя мекунем, ки дар давраи ҷанги сард ба вуҷуд омадаанд, аммо рақибони эҳтимолии мо дар навсозии силоҳи ҳамлаии худ ба пешрафтҳои назаррас ноил гаштанд".
Амрико пойгоҳи низомияшро дар Туркманистон мустақар мекунад
Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки Чин дар ихтиёри худ 1200 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвоз дорад, ки қобилияти расидан ба занҷираи ҷазираҳои дуюми баҳрии ҷанубии Чинро доранд. Ғайр аз ин, Пекин дорои 1000 мушаки болдори заминӣ мебошад, ки парвози ҳадди аққали онҳо 1500 километрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, парки ҳавопаймоҳои бомбаандози стратегии Чин H-6 ва ҳавопаймоҳои радаргурези H-20, ки метавонанд ба қаламрави Амрико ҳамла намоянд, ба пойгоҳҳои низомии ИМА таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.
Аз тарафи дигар, Маскав барои иншоотҳои низомии Пентагон дар Аврупо таҳдид мекунад. Русия дорои силоҳҳои гуногун ҳастаии тактикӣ, низомҳои баллистикии кӯтоҳпарвози Искандер-М ва дорои васеи мушакҳои болдори заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ мебошад. Вашингтон аз силоҳҳои нави Русия ба монанди мушакҳои баландсуръат нигарон аст.

Ҳавопаймоҳо

Дифои пойгоҳҳои низомии Амрико дар заминаи низомҳои зиддимушакии Patriot ва THAAD, ташаккул ёфтааст. Самаранокии чунин низомҳои дифоъи зиддиҳавоӣ / зиддимушакӣ шубҳаовар аст.
Масалан, низомҳои "Patriot", ки ба Арабистони Саудӣ содир шудаанд, борҳо дар муқобили мушакҳои болдори хусиҳои яманӣ нотавонии комил худро нишон доданд. Ғайр аз ин, амрикоиҳо натавонистанд аз зарбаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳи низомӣ дар Ироқро дар моҳи январи соли 2020, пас аз куштори генерал Қосим Сулаймонӣ, пешгирӣ кунанд.
Чаро Амрико аз экспедитсияи арктикии Русия "Умка-2021" тарсид - видео
Хулоса чунин аст: барои боэътимод муҳофизат кардани пойгоҳҳои низомӣ аз ҳамлаи душмани наздик ба Иёлоти Муттаҳида таҳия ва татбиқи консепсияи мудофиаи бисёрқабатаи мушакӣ бо истифода аз технологияҳои пешрафта лозим аст.
Хатти навбатии дофоъ - ҷангандаҳо ва паҳподҳо дорои мушакҳои дурпарвози ҳаво бар ҳаво мебошанд. Вазифаи онҳо нобқудсозии мушакҳои баллистикӣ дар минтақаҳои дур мебошад. Баъзе аз ҳавопаймоҳо бо лазерҳо бо сӯзишвории сахти дорои 100-150 киловатт муҷаҳҳаз хоҳанд шуд, ки онҳо метавонанд ҳавопаймоҳо ва муҳимоти ҷангиро нобуд созанд.

Фоидаи иқтисодӣ

Интизор меравад, ки маҳз ҳамин силоҳҳое, ки бо принсипҳои нави физикӣ сохта мешаванд, дар таъмини пойгоҳҳои Амрико кӯмак хоҳанд кард. То соли 2022, Пентагон бояд аввалин намунаҳои силоҳи лазерии заминиро таҳия намояд.
Гуфта мешавад, ки он ба дараҷаи бояд тавоно бшад, ки кафолати нобуд кардани паҳподҳо ва мушакҳои болдор ва дар оянда ҳавопаймоҳоро дошта бошад. Ғайр аз он, ин силоҳ нисбат ба низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ аз нуқтаи назари иқтисодӣ хеле самараноктар аст. Арзиши як мушаки зиддиҳавоии Патриот тақрибан 5 миллион долларро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки як шилик аз лазер маблағи хандаовар хоҳад дошт: тақрибан 100 доллар.
Ҷавоби Амрико ба “Калибр”-и русӣ: “Томагавк”-ҳои нав аз чӣ бархурдоранд
То соли 2024, артиши ИМА тӯпҳои микроэлектрии THOR (Tactical High Power Operational Responder) –ро дастрас мекунад, ки импулси тавонои электромагнитиро ба вуҷуд меоранд. Ин силоҳҳо метавонад бо паҳподҳо зиёд ва мушакҳои болдор самаранок мубориза бурда, электроникаи мураккаби онҳоро аз кор мебароранд.
Ниҳоят, хатти охирини дифои тупҳои M109 мебошад, ки барои он тирҳои зудсуръат HVP (Hyper-Velocity Projectile) сохта мешавад. Ин лавозимоти ҷангӣ метавонанд фаровоналайҳи ҳадафҳои ҳавоӣ истифода шаванд.
Алоқамандии Амрико ба низомҳои лазерҳои заминӣ ва силоҳҳои микромавҷӣ зиёд ба назар мерасад. Аммо, ин гуна низомҳои мудофиавӣ ҳанӯз дар ҳоли таҳия ҳастанд ва маълум нест, ки намунаҳои аввали он кай сохта мешавад.