ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, имрӯз мулоқоти вузарои умури хориҷаи Тоҷикистону Украина Сироҷиддин Муҳриддин, ва Дмитрий Кулеба дар шакли маҷозӣ сурат гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ, вазирон ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
“Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Украина 24 апрели 1992 барқарор гардиданд.
Дар сомонаи вазорати хориыа гуфта шудааст, ки Украина яке аз мавқеъҳои пешбарандаро дар муомилоти воридотию содиротӣ бо Тоҷикистон ишғол мекунад.
Номгӯи асосии воридот аз Украина ба Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти консервашуда, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, маводи доруворӣ, семент, гилхок, ангишт, кокс, пек, нафт, корунди сунъӣ, оксиди алюминий, гидрооксиди алюмин, муҳаррикҳо ва генераторҳо, гидротурбинаҳо, коғаз, масолеҳи сохтмон, маснуоти металлӣ, таҷҳизоти маишӣ, техникаи хоҷагии қишлоқ, тракторҳо, вагонҳои роҳи оҳан, мебел ва фурнитура мебошад.
Маводи асосии содирот аз Тоҷикистон ба Украина нахи пахта, маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, мева, сабзавот ва меваи хушк мебошанд.
Щамзамон гуфта шудааст, ки дар солҳои охир ҳамкории байниминтақавии ду давлат ривоҷу равнақ ёфт. Байни вилоятҳои Хатлон ва Харков, Хатлон ва Луганск, Суғд ва Днепропетровск ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ ба имзо расиданд.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ низ дар щоли рушд царор доранд.
Ҳамасола шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи бурсияҳои давлатӣ ба мактабҳои олии Украина дохил мешаванд.