Заминларза дар Тоҷикистон

Субҳи барвақт Хоруғро заминларза такон дод

Дар ҷанубу шарқи Хоруғ, заминсанҷҳои якчанд истгоҳҳои байналмилалӣ ларзишро ба қайд гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Субҳи барвақт дар Тоҷикистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.
Заминларза соати 06:26 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Ларзиши замин 4.4 бал гуфта мешавад
Тибқи маълумоти мукаммали Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, заминҷунбӣ дар ҷанубу шарқи Хоруғ, 41 километр дуртар аз маркази маъмурии ВМКБ рух додааст.
Ларзиш дар шимолу шарқи Қундузи Афғонистон эҳсос шудааст, аммо дар Ӯзбекистон ба назар нарасидааст.
Маркази заминларза дар чуқурии 200 километр ҷойгир будааст.
Тибқи иттилои Пажӯҳишгоҳи сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза 293 км ҷанубу шарқи Душанбе, 43 км шимолу шарқи Хоруғ будааст.
Қувваи ларзиш дар маркази заминларза 4-5 бал, дар шаҳри Хоруғ 4 балро ташкил доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қайд мекунад, ки талафот ва харобӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал мавҷи пурраи заминларзаҳо саросари ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифтанд.