ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Дар зиндонҳои иёлати Уттар-Прадеши Ҳиндустон маҳкумшудагон ба сабаби "афзоиши бесобиқа" -и эпидемияи коронавирус аз озодӣ саркашӣ карданд, менависад India Today.
Мувофиқи маълумоти рӯзнома, зиёда аз 20 маҳбус аз ҳуқуқи шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан истифода накарданд.
"Ҳангоми пандемия дар зиндон мондан бехатартар аст, зеро онҳо хӯрок, доруҳои зарурӣ медиҳанд ва мунтазам муоинаи тиббӣ мегузаронанд", - омадааст дар изҳороти расмӣ.
Сардори низоми зиндонҳо Ананд Кумар таъкид кард, ки маҳбусон хоҳиши худро дар шакли хаттӣ тибқи талабот баён кардаанд, аз ин рӯ, мавқеи онҳо бояд "қабул ва эҳтиром карда шавад".
"Пас аз раҳоӣ, маҳкумшудагон бояд барои дарёфти ризқу рӯзӣ мубориза баранд. Дар пасманзари пандемия вазъ боз ҳам мураккабтар хоҳад шуд", - таъкид кард Кумар.
Маҳбусоне, ки аз озодӣ даст кашиданд, дар нӯҳ маҳбаси иёлот, аз ҷумла Ғозиобод, Гаутам Будд Нагар, Меирут, Маҳараҷганя, Горахпур ва Лакҳнав нигаҳдорӣ мешаванд.
Шумораи умумии ҳолатҳои сирояти COVID-19 дар Ҳиндустон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз 27,7 миллион гузашт. Зиёда аз 322,5 ҳазор бемор фавтид.
Дар авоили моҳи май кишварро "тӯфони коронавирус" такон дод, ки дар авҷи худ дар як рӯз беш аз 414 ҳазор сироятёфта ошкор карда шуд.