Душанбе мизбони мусобиқаи варзишӣ мешавад: меҳмонон аз 10 кишвар меоянд

Тоҷикистон ба хотири 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мусобиқаи калони варзишӣ доир мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Қасри тенниси тобистонаи Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис "Тоҷикистон Опен" оғоз гардидааст.
Бар хабари Федератсияи тенниси Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур ба хотири таҷлил аз 30 - юмин согарди Истиқлолияӣти давлатӣ бахшида мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар мусобиқаи мазкур писарону духтарони теннисбоз аз 11 давлати дунё, аз ҷумла Олмон, Англия, Словения, Беларус, Украина, Туркманистон, ИМА, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Нахустин тоҷикистонӣ қуллаи Эверестро фатҳ кард
Ба ҳамин минвол қувваозмоӣ миёни 64 варзишгар аз 12 давлат сурат мегирад.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5 нафар варзишгар: Иссам Шарифов, Аминҷон Абдуллоев, Сомон Амонов, Диана Иванихина ва Сумая Тухтаева иштирок доранд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни ҷавонону наврасон то 12 июни соли равон идома ёфта, ҳамарӯза аз соати 09:00 то 18:00 баргузор мегардад.