ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа ва сафири Фаронса Мишел Тарран баргузор шуд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки зимни мулоқот Далер Ҷумъа таваҷҷуҳи Сафирро барои иштироки эҳтимолии ширкатҳои фаронсавӣ дар тендерҳо, аз қабили сохтмони неругоҳи барқи обии “Себзор”, бо иқтидори 11- МВт ҷалб намуд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ҷонибҳо роҳҳои ҳалли мушкилотро дар соҳаи об ва барқ муҳокима намуда, ҳамкориҳои калидии дуҷонибаро таҳлил карданд.
Ҷумъа Далер зимни мулоқот қайд намуд, ки ин мулоқот барои мо шароит фароҳам меоварад, ки дурнамои имкониятҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Фаронсаро муайян намоем.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Иттиҳодияи Аврупо ба сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон беш аз 41 миллион евро ихтисос дода буд. Қарордод дар ин бора рӯзи 4-уми декабри соли 2019 ба имзо расида буд.
Он замон Иттиҳодияи Аврупо хабар дода буд, ки ин маблағ кумаки бебозгашт буда, дар оянда қисме аз нерӯи барқи тавлидшуда дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба деҳаҳои ҳаммарзи Афғонистон интиқол дода мешавад.
Ҳамин тавр, моҳи июли соли 2020 дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки созишнома аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ширкати Помир Энерҷӣ –ва Бонки Олмонии Рушд KfW ба имзо расид.
“Ин шартнома бар Созишномаи саҳмгузорӣ ба маблағи 20 миллион евро асос меёбад, ки моҳи декабри 2019 аз ҷониби Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йозефсон ва роҳбари намояндагии Бонки Олмонии Рушд дар Тоҷикистон Андреас Шнайдер ба имзо расида буд”, омадааст дар изҳороти расмӣ. Бино ба ин хабар, “маблағи ҷудошуда дар ҳаҷми 20 миллион евро ба 17 миллион еврое, ки пештар ҳукумати Олмон барои ин лоиҳа ба Тоҷикистон дар соли 2018 дода буд, замм мегардад”.
Нерӯгоҳи “Себзор” дар фарози рӯдхонаи “Шохдара” бо иқтидори 11 мегаватт сохта мешавад.
Нирӯгоҳи хурди обии “Себзор”, ки дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) сохта мешавад, тавони бо нирӯи барқ таъмин кардани 220 ҳазор сокинони маҳаллиро хоҳад дошт.