Сурудхонии Некрӯз Ниёзов бо падараш ва Далер Назаров: "орзуям амалӣ шуд" - видео

Некрӯз Ниёзов овозхони ҷавони тоҷик ахиран дар шаҳри Душанбе нахустин консерти худро баргузор кард ва бо маэстро Далер Назаров суруд хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Сарояндаи ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзов, ки бештар бо бозхонии сурудҳои шодравон Муборакшо шӯҳрат дорад, бо падараш Саидшо Ниёзов ва ҳунарманди барҷастаи тоҷик Далер Назаров суруд хонд.
Нахустин консерти Некрӯз Ниёзов рӯзи 30 май дар "Амфитеатр" баргузор шуд. Аз наворҳои нашршуда дар саҳифаи сароянда бармеояд, ки ҳунарнамоии сарояндаи ҷавонро мухлисон хуш қабул кардаанд.
Вале ҳузури маэстро Далер Назаров ба ин консерт ранги дигар бахшид. Замони ба саҳна баромадани Далер Назаров аз толор садои кафкӯбиҳо баланд шуд. Ӯ ҳамроҳи Некрӯз Ниёзов суруди "Духтари деҳқон" - ро иҷро кард.
"Ташаккури зиёд ба маэстрои мо - Далер Назаров, ки орзуи маро барои рӯи як саҳн ҳамроҳ ҳунарнамоӣ кардан, бароварда кард", - навиштааст сароянда дар зери навори нашршуда дар саҳифааш дар Инстаграм.
Ҳамчунин Некрӯз Ниёзов дар ин консерташ ҳамроҳи падараш - Саидшо Ниёзовв, ки ӯ низ сароянда мебошад суруд хондааст.
Онҳо ҳамроҳ суруди "Ай нури Худо" - ро иҷро кардаанд.
Бояд гуфт, ки волидони Некрӯз Ниёзов солҳост, ки аз ҳам ҷудоянд ва дар роҳи ҳунар ба Некрӯз бештар амакаш навозандаи машҳури Тоҷикистон Хушбахт Ниёзов кумак мекунад.
Некрӯз Ниёзов - сарояндаи ҷавоне, ки сурудҳои Нигина ва Шабнамро танзим мекунад - видео
Некрӯз Ниёзов студияи худро дорад ва ҳатто барои сурудҳои сиртораҳои эстрадаи тоҷик аз ҷумла Нигина Амонқулова ва Шабнами Сураёро танзим мекунад.
Рубобнавози тоҷик ба консерт дар ИМА омодагӣ мебинад