Шабеҳи нишаст дар Минск? фуруди изтирории ҳавопаймои ширкати Ryanair дар Олмон

Ширкати ирландии Ryanair хабар дод, як ҳавопаймои ин ширкат, ки рӯзи 30-юми май дар хатсайри Дублин-Краков парвоз мекард, баъди дарёфти огаҳии “хатари эҳтимолии амниятӣ” дар Берлин нишасте анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар изҳороти ширкати Ryanair рӯзи 31-уми май нашр ёфтааст, гуфта шудааст, ки тими назорати ҳавоии Олмон халабонҳоро огоҳ намуд, ки хатари эҳтимолӣ вуҷуд дорад ва раҳбари халабонҳо мутобиқ бо талаботи қоида дар наздиктарин фурудгоҳ, ки он вақт Берлин буд, нишасте анҷом дод, , иттилоъ додааст хабаргузории Ассошиэйтед Пресс.
Дар изҳорот омадааст, ки пас аз нишаст дар фурудгоҳ тамоми мусофирон аз дохили ҳавопаймо берун оварда шуданд ва ҳамаи бору бағоҷи онҳо аз назари полиси Олмон гузаштанд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки аз дохили бағоҷи мусофирону ҳавопай ҳеҷ як манбае барои хатар пайдо нашуд.
Ҳамзамон ширкат дар изҳороташ қайд кардааст, ки дар ниҳоят, бо таъхири 7-соата ҳавопаймое бо 160 мусофир дар фурудгоҳи шаҳри Кракови Полша фуруд омад.
Лукашенко ба Путин ҳуҷҷатҳои махфӣ нишон дод
Ёдрас мешавем, ки ҳавопаймои Ryanair, ки рӯзи 23 май аз Афина ба Вилнюс парвоз мекард, бинобар паёме дар бораи истихроҷи маъдан фавран ба фурудгоҳи Минск нишаст.
Ҳамон лаҳза фаъолони ҳуқуқи башари Белорус хабар доданд, ки бо ин ҳавопаймо Роман Протасевич, асосгузори канали Nexta Telegram, ки дар Белорус ҳамчун экстремист шинохта мешавад, парвоз кардааст.
Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар фурудгоҳи Минск Протасевич боздошт шуд. Нисбати ӯ аз рӯи чанд модда, аз ҷумла "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯро то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ёдрас мешавем, ки ҳодисаи монанд соли 2018 ба вуқӯъ омада буд.
Аврупо парвози ҳавопаймоҳои Белорусро дар фазояш манъ кард
Дар шаҳри Солсбери 4-уми марти соли 2018 ҷосуси бритонӣ Сергей Скрипал ва духтараш Юлия заҳролуд шуда буданд.
Ҷониби Бритониё таъйид менамояд, ки дар заҳролудшавии Скрипалҳо бо моддаи А234 давлати Русия гунаҳкор аст, аммо мақомоти Русия инро қатъиян рад карданд. Урупо дар паи ин ҳодиса даҳҳо дипломати Русияро аз давлатҳояш ихроҷ карда буд.