ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Русия ва Қирғизистон ҳамеша иттифоқчиён ва шарикони иқтисодӣ боқӣ хоҳанд монд, гуфт Содир Ҷабборов дар суҳбат бо шабакаи телевизионии Россия-1.
"Барои Русия, барои Владимир Путин сарнавишти Қирғизистон бетараф нест. Мо муттаҳидони ҷовид ва шарикони тиҷоративу иқтисодӣ ҳастем, аз ин рӯ, пеш аз ҳама, мо рушди минбаъдаи ҷумҳуриро баррасӣ кардем", - гуфт Ҷабборов.
Вай афзуд, ки аз натиҷаҳои музокирот бо раҳбари Федератсияи Русия, ки рӯзҳои 24-25 май баргузор шуд, қаноатманд аст.
Хотиррасон мекунем, ки Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари корӣ ба Русия омада буд.
Дар мулоқот бо Путин дар Сочи, ӯ ба ҳамкориҳои дуҷониба дахл кард.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрам, аз ҷумла мубориза бо коронавирус ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар карданд.