Оғози ҳафтаи нав бо коҳиши евро: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки мувофиқи он қурби евро дар муқоиса бо ҳафтаи пешин коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1533 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки се рӯз пеш бонкҳои кишвар бар ивази 1 рубл 0, 1540 сомонӣ медоданд.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Асъори аврупоӣ, ки ҳафтаи гузашта ба нишондоди рекордӣ (1 евро бар ивази 13.8636 сомонӣ) расид, имрӯз каме коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар бозори асъори Тоҷикистон 1 евро 13,7447 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Коршиносон гуфтанд арзиши доллар дар охири сол чӣ гуна хоҳад буд
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои 1 евро аз 13.7447 то 13.8700 сомонӣ ва барои рубл аз 0.1533 то 0.1550 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.