ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар шаҳри Санкт - Петербург як муҳоҷир аз ошёнаи 12 - уми бинои сохтмонӣ ба замин сарозер шуд, менависад Piter.TV.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар хиёбони Московский рух додааст. Маълум аст, ки муҳоҷир 26 сол дорад ва феълан дар яке аз беморхонаҳои ин шаҳр бистарӣ аст.
Манбаъ ҳувияти муҳоҷирро ифшо накардааст ва ҳоло маълум нест, ки ин муҳоҷир аз Тоҷикистон аст ва ё дигар давлат.
Гуфта мешавад, муҳоҷирро аз ҷойи ҳодиса бо ҷароҳатҳои шадид, аз ҷумла шикасти устухони дасту пой, сахт зарб хӯрдани мағзи сар ва дигар ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол доданд ва ҳоло ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.
Манбаъ меафзояд, феълан нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.