ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор додааст, ки бино бар маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 1 июни соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳои харобкор боқӣ мемонад.
Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки дар чунин рӯзҳо ба минтақаҳои кӯҳӣ барои ҷамъоварии алафу ҳезум ва чорвочаронӣ нараванд.
Инчунин манбаъ аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо будан эҳтиёткор бошанд.
Ҳамзамон КҲФ, ба сокинону меҳмонон тавсия додааст, ки аз рафтан барои истироҳат ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд.
Бо мақсади пешгирӣ аз паёмадҳои омадани сел хотиррасон кардааст, ки селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд, афзудааст КҲФ.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохӯши дигар шаҳрвандон ба КҲФ муроҷиат намоянд.