ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар ноҳияи Шаҳринав куштори даҳшатбор сурат гирифтааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис ҷавони 22 - соларо дастгир намуданд, ки дар қатли модари худ муттаҳам дониста мешавад.
Ин ҳодисаи нангин рӯзи 28 май дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав рух додааст.
"Соати 18:00 - и рӯзи 28 май, дар саҳни ҳавлӣ, миёни гумонбаршуда ва модари ӯ муноқишаи оилавӣ рух дод, ки дар натиҷа фарзанд модарашро аз роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонд", - таъкид мешавад дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Қаблан ҳодисаи ба ин монанд дар ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ афтода буд. Он замон ҷавони 21 - сола бародари 23 - солаи худро бо зарби 10 корд ба қатл расонд.