Генерал Раҳимзода ба Эрон рафт: бо киҳо ва чиро баррасӣ мекунад

Генерал Рамазон Раҳимзода дар Эрон бо мақомдорони баландпояи ин кишвар масъалаи амнияту мубориза бо терроризмро баррасӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Ҳайати расмии Тоҷикистон субҳи имрӯз бо роҳбарии вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковник Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар ин сафари корӣ вохӯрӣ бо роҳбарони воломақоми Эрон дар назар аст.
“Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои корӣ баррасӣ хоҳанд шуд”, - омадаст дар иттилоия.
ВУД таъкид намудааст, ки дар ҷараёни сафари корӣ қарор аст, як қатор санадҳои дахлдор ба имзо расонида шаванд. Аммо мушахассан санаде ном бурда нашудааст.
Ин сафари Раҳимзода дар ҳолест, ки моҳи феврали соли равон вазири умури дохилии Эрон дар Душанбе қарор дошту бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ мулоқот кард.
Президенти нави Эрон ба Душанбе даъват мешавад: Зоҳидӣ аз узвияти Теҳрон дар СҲШ гуфт
Ба иттилои мақомоти тоҷик, аз масъалаҳои меҳварии мулоқоти Раҳмонӣ дар Душанбе ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилоот буд.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ зимни гузориш аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ гуфт, “то ба имрӯз миёни кишварҳо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.
Раҳмон вазири Эронро қабул кард: аз амният гуфту санадро хотиррасон намуд
"Вобаста ба ин сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб кард", - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.
Қаблан Душанбе бо эътирофи нисбатан сард шудани муносибот бо Теҳрон онро ба дастгирии гуруҳҳое рабт дод, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ шудаанд, аммо ба иддаои мақомоти тоҷик аз ҷониби бархе доираҳои эронӣ дастгирӣ меёбанд.