ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Раҷабов Алиакбар замони дар вазифаи сарнозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор кардан барои ҳалли мушкили як шаҳрванд маблағ хостааст.
Номбурда ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбати охирин дар Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ қарор дошт, маблағи 20000 доллар талаб намудааст, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, боздоштшуда аз маблағҳои талабнамудааш 10500 доллари ИМА ва 2700 сомониро гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накардааст.
Оҷонсӣ гуфтааст, ки дар натиҷа номбурда бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба шаҳрванд “А” зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонидааст,
Оиди ҳолати мазкур нисбати Раҷабов А.Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст, афзудааст манбаъ.