Симои пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ҳамасола тағйир меёбад. Инро наворҳое, ки корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, бозгӯ мекунанд.
Эҳтимол нафаре, ки чандин сол аз ватан дур асту ин наворҳоро тамошо кунад, дар мадҳи аввал ба Душанбе будани он шубҳа мекунад.
Зеро биноҳои баландошёнаи Душанбеи кӯҳна ангуштшумор буданд.
Ҳоло биноҳои осмонбӯс ва эстакадаҳо симои ин Душанберо куллан тағйир додааст.
Сохтмони биноҳои баландошёна ва иншоотҳои маишиву фарҳангӣ ҳамоно идома дорад.
Тоҷикистон, ки имсол аз 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мекунад, то ин сана ба истифода додани чандин иншоотҳои дигар ба назар гирифта шудааст.