Нашри нахустин акс аз арӯсии махфии Борис Ҷонсон ва Кэрри Симондс

Борис Ҷонсон пинҳонӣ бо Кэрри Симондс издивоҷ кард: ин севумин издивоҷ барои нахуствазири Бритониё буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Сарвазири Бритониё ва ҳамсараш Кэрри Симондс аввалин акс аз тӯи арӯсии худро нашр карданд. Акс дар боғи манзили сарвазири Даунинг Стрит гирифта шудааст.
Пештар маълум шуд, ки ҷуфти бритониёӣ пинҳонӣ дар калисои Вестминстер издивоҷ кардааст. Дар ин маросим ҳудуди 30 меҳмон ширкат доштанд.
Дар байни онҳо писари 1 - солаи Ҷонсон ва Симондс Вилфред, низ будааст, қайд мекунад The ​​Sun.
Навхонадорон аз тариқи калисои католикии Рум дар Лондон, дар наздикии Даунинг-Стрит, таҳти мусиқии классикӣ гузашт карда ҳамдигарро бӯса карданд. Маросим якуним соат давом кард.
"Вай бениҳоят хушҳол буд, хеле хуб ба назар мерасид ва дар тан либоси хеле зебо дошт. Ҳангоме ӯ меомад вай аз арӯс чашм намеканд. Онҳо ба ҳам назр мекарданд ва баъд ҳамдигарро бӯсиданд. Онҳо хеле ошиқ ба назар мерасиданд", - менависад нашрия аз қавли яке аз кормандони калисо.
Арӯсии Ҷонсонро сухангӯи дафтараш тасдиқ кард. Вай қайд кард, ки ҷуфт ният дорад, ки тобистони соли оянда тӯйро бо аҳли оила ва дӯстонаш ҷашн гиранд.
Сарвазири Бритониё пинҳонӣ бо Кэрри Симондс издивоҷ кард - акс
Барои сарвазири 56-солаи Бритониёи Кабир издивоҷ бо Симондси 33-сола севвумин аст. Ҷонсон қаблан бо Аллегра Мостин-Оуэн ва Марина Вилер издивоҷ карда буд.
Аз Вилер, чор фарзанд дорад. Ғайр аз ин, сарвазир аз ҳунарманд Ҳелен Макинтайр фарзанди ғайриқонунӣ дорад.