Кумаки Духтурони бидуни марз ба зарардидагони Кӯлоб

Созмони Духтурони Бидуни Марз – MSF, барои зарардидагони офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб кумак расондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ташкилоти байналмилалии тиббӣ-башардӯстонаи Духтурони Бидуни Марз - MSF, дар ҳамкорӣ бо Ситоди фаврии КҲФ Тоҷикистон ба одамони аз офати табиӣ зарардида дар шаҳри Кӯлоб 150 бастаи маводи гигиенӣ тақсим кард.
Ба иттилои котиботи созмон, Духтурони Бидуни Марз бастаи маводи гигиениро ба одамоне тақсим намуд, ки хонаҳояшон аз офати табиӣ зарар дидаанд. Ҳар як бастаи маводи гигиёнӣ аз сатил, сачоқ, собун, хоккаи ҷомашӯӣ, чӯткаҳои дандоншуӣ, хамираи дандон, кружка ва дастмолҳои санитарӣ иборат буданд, омадааст дар иттилоия.
Ҳашар барои сохтмони 20 хона дар ноҳияи Ҷомӣ
Дар паи боронҳои шадиди рӯзи 11 майи соли 2021, обхезӣ дар якчанд маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб даҳҳо хонаҳоро хароб намуд.
Ҳамчун як ташкилоти мустақили байналмилалӣ, вазифаи асосии Духтурон Бидуни Марз (MSF) расонидани кӯмаки фаврӣ ба аҳолии ниёзманд ва расонидани кӯмак ба онҳое мебошад, ки ба кумак бештар эҳтиёҷ доранд.
Ин созмон аз соли 2011 дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ кардани лоиҳаи табобату нигоҳубини ҳамаҷонибаи бемории сил дар кӯдакон фаъолият карда истодааст. Ҳадафи асосӣ беҳтар намудани ташхис ва табобати бемории сил дар кӯдакон ва беҳтар намудани дастрасӣ ба табобату нигоҳубини ҳамаҷониба арзёбӣ мегардад.