ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Дар маҳаллаи нав, ки барои сокинони аз офати табиии аввали моҳи май зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷудо шудааст, ҳашар ташкил шуд, хабар дод котиботи ҳукумати Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, даҳҳо нафар ихтиёран аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, навоҳии атроф ва вилоят ба кумаки сокинони маҳаллӣ омадаанд.
"Сохтмони 20 манзил бо маром идома дошта, аллакай девори 6 манзил қомат афрохтааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки се вақт ғизои гарм барои сокинон ва ҳашарчиён таҳия ва пешниҳод мегардад.
Манбаъ афзуд, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ аз маҳалли сохтмони хонаҳои нав барои сокинони деҳаи Навобод дидан карда, ҷаласаи ситодро барпо намуд.
Қайд гардид, ки аз рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода бурда, корҳои сохтмониро дар се баст роҳандозӣ кардан мувофиқи мақсад аст.
Қайд гардид, ки аз рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода бурда, корҳои сохтмониро дар се баст роҳандозӣ кардан мувофиқи мақсад аст.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати кашидани хатти обу барқ ба маҳаллаи навбунёд ва ба тартиб даровардани роҳи деҳа дастури алоҳида додаст.
Ёдовар мешавем, 7-8 майи соли равон дар деҳаҳои "Навобод 4" ва "Навобод 5" - и деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳудуди манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, қариб 100 гектар замини кишоварзӣ фурӯ рафт.
Дар пайи ҳодиса ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуда, сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Таъкид шудааст, ки оилаҳои зарардидаи мавзеи мазкур бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардиданд.