Созиши Ҳайбатӣ ва Чоршанбиев барои майдондорӣ зимни нишасти хабарии созмони нави Pravda Fight Chempionship эълон шуд. Ҳайбатӣ ва Чоршанбиев ҳамдигарро дар сафсатагӯиҳо муттаҳам карда, изҳор доштанд, ки аз майдондорӣ мегурезанд.
Ҳайбатӣ бо нашри як акси имзогузорӣ бо ҳузури Чоршанбиев ва намояндаи Pravda Fight Chempionship изҳор дошт, ки муҳориба баргузор мешавад. Алӣ Ҳайбатӣ, бародари Муҳаммад низ тасдиқ карда, афзуд, ки аллакай пешпардохтро барои ин муҳориба гирифтанд. Дар мавриди ҳаҷми маблағ гуфта нашудааст, аммо қаблан ҷонибҳо аз талоши миллионҳо рубл барои ин муҳориба изҳорот дода буданд.
Мунаққидон ё худ “хейтар”- ҳо мегӯянд, поп ММА бештар шоу ва масхарабозӣ аст, на варзиши касбӣ. Таъкид мекунанд, ки ҳамаи амалҳояшон ҳадафмонда ва барои ҷалби таваҷҷуҳ мебошад. Бо вуҷуд таваҷҷуҳи гуруҳи омма ба ин намуди варзиш ва махсусан муноқишаи Чоршанбиев ва Ҳайбатӣ зиёд арзёбӣ мегардад.
Ба гузориши телевизиони 360, промоушени нав Pravda Fight Chempionship, ки арзи ҳастӣ кардаст, бевосита бо иштироки Чоршанбиев ташкил гардидааст ва муҳорибаи Чоршанбею Доғистонии форс оғози хубе барои промоушен арзёбӣ мегардад.
Бар асоси иттилоияи аввалия, муҳориба тирамоҳи соли равон дар назар буда, аз рӯи қоидаҳои ММА баргузор мегардад.