Дар Бразилия гирдиҳамоиҳои оммавӣ алайҳи сиёсати президент Жаир Болсонару ҳангоми пандемияи коронавирус баргузор шуданд.
Сокинони даҳҳо шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Сан-Паулу, Бразилиа, Белу-Оризонти ва Ресифи, ба кӯчаҳо баромада, ваксинаҳои COVID-19 ва баргардонидани барномаи дастгирии иҷтимоиро ҳангоми пандемия талаб карданд.
Ғайр аз ин, дар митингҳо даъватҳо барои импичмент ба президент садо доданд.
Дар аксари шаҳрҳо тазоҳурот ором гузаштанд, аммо дар Ресифи, пойтахти иёлати шимолу шарқии Пернамбуко, полис маҷбур шуд, ки барои пароканда кардани мардум аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода барад.
Эътирозгаронро губернатори иёлот дастгирӣ кард. Вай хушунати полисро маҳкум кард ва ваъда дод, ки ин қазияро таҳкик хоҳад кард.
То кунун дар Бразилия беш аз 16 миллион ҳолати коронавирус ва 460 000 фавт аз сироят сабт шудааст. Ҷолиби диққат аст, ки аксари эътирозгарон ниқоб доштанд, аммо масофаи иҷтимоиро тақрибан риоя накарданд.