Лигаи олӣ: эълони рӯзи баргузории чор бозии мавқуфгузоштаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи футболи Тоҷикистон замони баргузории чор бозии мавқуфгузоштаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои Лигаи олии кишварро эълон намуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. чор бозии мавқуфгузоштаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои Лигаи олии кишвар, рӯзҳои 2 ва 6 -уми июн баргузор мешавад.
Дар ин бора ФФТ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар рӯзи захираи тақвими бозиҳо – 2 июн ду бозии мавқуфгузоштаи даври ҳафтуми мусобиқа баргузор мегардад, ки дар онҳо "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар варзишгоҳи "20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" "Файзканд"-и Восеъ ва КМВА-и Душанбе "Равшан"-и Кӯлобро қабул мекунад.
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА бетағйир монд
Дар рӯзи дигари захираи тақвим – 6 июн бошад "Эсхата" – "Хуҷанд" (бозии мавқуфгузоштаи даври 8-ум) ва "Равшан" – "Кӯктош" (бозии мавқуфгузоштаи даври 9-ум) вомехӯранд.
Ёдрас мешавем, ки бо сабаби барканор кардан аз варзишгоҳи хонагӣ дастаи “Равшан” бозияшро муқобили “Кӯктош” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар мегузаронад.
Ногуфта намонад, ки аз 11 то 17 июн дар шаҳри Душанбе Қаҳрамонии CAFA-2021 миёни ҷавондухтарони то 20-сола доир мегардад, ки 5 даста барои унвони қаҳрамони минтақа талош мекунанд.
Дар ин сабқат мунтахабҳои бонувони ҷавони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат менамоянд.