Рӯзи 30 май дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 2011 ширкати Ford Motor дигаргунии навбатии худро дар самти бехатаргардонии ҳаракат дар роҳ эълон намуд.
Соли 1631 дар Фаронса аввалин рӯзнома бо номи "La Gazette" ("Маҷалла") ба табъ расид.
Соли 1896 дар Ню-Йорк аввалин садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Рӯзи 30 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул намуд .
Соли 2010 Иттифоқи тоҷикистониёни Русия дар меҳмонхонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак, ки 1 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ҷамъомад баргузор намуд.
С 2012 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Соли 2012 муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, иҷрокунандаи вазифаи директори Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Соли 2012 "Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020" қабул гардид.
Соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат доир ба имрӯзу ояндаи фарҳанги миллии Тоҷикистон, шеъру шоирӣ ва тақвияти пайванди наслҳо, рушди арзишҳои волои миллию давлатдорӣ басо муҳим, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе чаласаи 13-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат"-ро ба имзо расониданд.
Ҷашнҳои рӯзи 30 май
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Рӯзи ёдбуд.
Дар Перу - Рӯзи миллии картошка