ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik.Сафари Зокирзода ба Исломобод бо даъвати раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ сурат гирифтааст.
Аз котиботи парлумони кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, конфронс аз 29 май то 4 июни соли 2021 ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шаҳри Исломобод доир мешавад.
Ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ 10 давлат, аз ҷумла кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ўзбекистон, Туркия, Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон шомил мебошанд.
21 – уми майи соли 1998 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паймони нави Измирро тасдиқ намуда, дохил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро ба расмият даровард.
Дар доираи Созмон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳо барои ҳамлу нақли бору гардиши тиҷорат ба имзо расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои созмони мазкур дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кишоварзӣ, саноат, телекоммуникатсия, фарҳанг ва маориф ҳамкориҳи густурдаро ба роҳ мондааст.