Усмонов ва Негматуллоев медалҳои чемпионати бокси Осиёро ба даст оварданд

Ду муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс шуданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май – Sputnik. Муҳорибаҳои мардҳо дар даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс 28 май баргузор шуд.
Баҳодур Усмонов дар вазни 60 кило аз намояндаи Ҳиндустон Шива Тана, Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кило аз варзишгари Ӯзбекистон Дилшод Рӯзметов бо қазовати доварон мағлуб гардиданд.
Баҳодур ва Шаббос бо медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА сарфароз хоҳанд шуд.
Як рӯз қабл варзишгаронамон миёни бонувон низ ду медали биринҷӣ ба даст оварданд: Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60 кило.
Медалҳои биринҷӣ ва 5000 доллари Шоира ва Миҷгона дар Қаҳрамонии Осиё
Чемпионати Осиё оид ба бокс 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуд ва муҳорибаҳои финал 31 май баргузор мешавад.
Намояндагони Узбекистон, Қазоқистон, Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Индонезия ба даври финал роҳ ёфтанд.
Ёдрас мешавем, ки Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки аз дастгирии молиявии Кумитаи олимпӣ бархурдоранд, Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио намояндагӣ мекунанд. Бозиҳои олимпӣ аз 23 июл то 8 августи соли равон баргузор мешавад.