Маълум шуд, ки ба ҷои Муродалӣ Алимардон киро масъул гузоштанд

Бонки миллӣ иҷозатномаи "Агроинвестбонк"-ро бозхонд кард ва бонки мазкур барҳам хӯрд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бо гузашти ҳудудан як ҳафта аз барҳам додани "Агроинвестбонк", маълум шуд, ки масъулияти раиси он Муродалӣ Алимардонро ба дӯшӣ кӣ гузоштанд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, масъулияти ҳисоббаробаркунӣ бо созмонҳову муштариёни талабкори собиқ "Агроинвестбонк" бар дӯши Даврон Тухтаров гузошта шудааст.
Масъулияти раиси пешини "Тоҷиксодиротбонк"-ро, ки ҳамчунин иҷозатномааш бозхонд шуду барҳам хӯрд, ба дӯши Ҷамшед Абдурраҳмонов вогузор карданд.
БМТ мудирони муваққатии "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро таъин мекунад
Ҳамакнун “Тоҷиксодиротбонк” ба 5 ҳазору 500 муштарӣ ва “Агроинвестбонк” ба 27 ҳазору 500 муштарӣ қарздор ҳастанд, ки бояд бо ҳукми додгоҳи вижа аз ҳисоби фурӯши амвол ва дафтарҳои худ талаби ононро пардохт кунанд.
Ҳарчанд, ки ин ду бонк бо мушкили ҷиддии пардохти қарзи муштариёни худ рӯ ба рӯ шуда ва дар 5 соли ахир натавонистаанд супурдаҳои ононро пас бидиҳанд.
Дар пайи бурӯзи буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2015 ва нотавонии бонкҳо дар бозпардохти талаби муштариён, иҷозатномаи ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ва беш аз 20 ташкилоти хурди қарзӣ бекор шуданд, ки то кунун низ натавонистаанд қарзи худро бипардозанд.
Муродалӣ Алимардонов, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, аз соли 2015 ба ҳайси раиси "Агроинвестбонк" фаъолият мебурд.
Ёдовар мешавем, ҳафтае пеш БМТ иҷозатномаҳои ду бонки бузурги қаблан асоси - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро бозхонд кард.
Бар асоси қарори БМТ, тамоми амалиётҳо бо хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағ аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегона кардани дороиҳо ва амволи ҶСК "Агроинвестбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" то таъин шудани мудири махсус манъ аст.
26 май бошад Фонди суғуртаи пасандозҳои Тоҷикистон ба амонатгузорони ин бонкҳо иттилоъ дод, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонд пурра ҷуброн карда мешаванд.
Бонки миллӣ "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам дод
Тибқи иттилои манбаъ, пардохти ҷуброн ба амонатгузорон аз ҷониби агент-бонк дар муддати 14 рӯз пас аз баровардани қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ сурат мегирад. Маблағи боқимондаи амонатҳои шахсони воқеӣ дар ҷараёни барҳамдиҳӣ аз ҷониби роҳбари махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт карда мешавад.
"Ширкати Алимардоновро ба додгоҳ кашиданд"
“Тоҷиксодиротбонк” ва Агроинвестбонк” ду бонке мебошанд, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба гирдоби буҳрони густардае афтоданд ва то ба ҳол, ба истилоҳ, миёни маргу зиндагӣ ҷон мекананд. Ҳукумати Тоҷикистон ихтиёри кори онҳоро аз раҳбарияташон гирифта, ба вазорати молия вогузор кард ва ҳоло барои наҷоташон талош мекунад.
"Тоҷиксодиротбонк”, бонке, ки дар миёни бонкҳои тиҷоратӣ қудратмандтарин ба ҳисоб мерафт, соли 2015, замони мувоҷеҳ шуданаш ба мушкилоти молӣ 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дороӣ дошт.
Дар шарҳи барҳамдии бонкҳо, Бонки миллӣ гуфт, бо вуҷуди дастгирии ҳукумат онҳо натавонистанд аз варшикастагӣ раҳо ёбанд.