Дар Душанбе қаҳрамонии CAFA-2021 миёни ҷавондухтарон доир мешавад

Таҳти ҳимояи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аввалин мусобиқа дар соли 2021 баргузор мешавад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Аз 11 то 17 июн дар шаҳри Душанбе Чемпионати CAFA-2021 миёни ҷавондухтарони то 20-сола доир мегардад, ки 5 даста барои унвони чемпионии минтақа талош мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар чемпионат мунтахабҳои бонувони ҷавони Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат менамоянд.
Дар доираи Чемпионати CAFA-2021 миёни ҷавондухтарон 10 бозӣ анҷом дода мешавад.
Ёздаҳ голи Шукрона дар як бозӣ: "Зебо" “Нушофарин”-ро бо ҳисоби 18-0 шикаст дод
Мусобиқа аз рӯи ситемаи даврӣ дар як давр доир мегардад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.
Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.
Чемпионати CAFA-2021 миёни ҷавондухтарон (U-20)
1-ум давр
11 июн (ҷумъа)
Эрон – ТОҶИКИСТОН
Ӯзбекистон – Афғонистон
2-юм давр
12 июн (шанбе)
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
Ӯзбекистон – Қирғизистон
3-юм давр
14 июн (душанбе)
Афғонистон – Эрон
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
4-ум давр
15 июн (сешанбе)
Қирғизистон – Афғонистон
Ӯзбекистон – Эрон
5-ум давр
17 июн (панҷшанбе)
Эрон – Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон