Зобиров раҳо шуд: 5 тоҷикистонии дар Ӯши Қирғизистон боздоштшуда низ раҳо мешаванд

Дар пайи гуфтушуниди сарҳадбонони тоҷику қирғиз Қурбонбой Зобиров, сокини деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, раҳо карда шудааст. Зимнан Сафорат ва мақомоти амниятию марзбонии Тоҷикистон, барои раҳо шудани панҷ шаҳрванди дигар дар Ӯши Қирғизистон вориди гуфтушунид ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Дар пайи гуфтушуниди сарҳадбонон Қурбонбой Зобиров, аз боздошт раҳо шудааст.
Ӯ бегоҳии рӯзи 26 уми май, барои ҷӯстуҷӯи ду сар чорво, ки ба чарогоҳҳои ҷониби қирғизҳо гузашта буданд, рафт вале аз сӯи марзбонони кишвари ҳамсоя мавриди боздошт қарор гирифта буд.
Манобеъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки феълан Зобиров дар манзилаш дар Хоҷаи Аъло қарор дорад.

“Қурбонбой Зобиров дар пайи гуфтугӯйи марзбонони ҳарду ҷониб раҳо шуда, дар хонааш аст ҳоло”,- гуфт манбаъ.

Ҷониби қирғизҳо барои убури чарогоҳҳо ду сар гови ин сокини шаҳри Исфараро захмин кардаанд, ки якеаш мурдааст.
Бино ба иттилое, ки расонаҳои Қирғизистон нашр намуданд, рӯзи гузашта панҷ шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба ҳисоби як ноболиғи хурдсол дар гузаргоҳи қаламрави вилояти Ӯши Қирғизистон боздошт шудаанд.
Яке аз ин чаҳор нафари боздоштшуда Маргарита Расулова мебошад, ки ҳамроҳ бо наберааш хост, аз шаҳри Сургути Русия, тавассути Фурудгоҳи шаҳри Ӯш ба Ватан расад, аммо бехабар аз он, ки кишвари Қирғизистон сар аз санаи 24 май убури марз барои сокинони Тоҷикистон манъ кардааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон бо Қирғизистон масъалаи баргардонии як шаҳрвандашро баррасӣ мекунад
Инчунин се шаҳрвади дигар кишвар, ки онҳо 20, 44 ва 48-сола гуфта мешаванд, дар роҳи гузаштан ба кишвар дар қаламрави деҳоти Ӯш мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Боздошти ин гурӯҳи се нафараи сокинон шаби 28 май сурат гирифтааст.
Зимнан мақомоти амниятии кишвар ба ҳисоби Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон барои раҳо намудани шаҳрвандон бо мақомоти марзбонӣ ва масъулини давлати Қирғизистон дар Ӯш вориди гуфтушунид шудаанд.
Дар бораи сурат гирифтани гуфтушуниди дуҷонибаи масъулин, сари ин масъалаи бавуҷудомада аз Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
“Назирмад Ализода бо мақомоти Қирғизистон масъалаи шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Ӯш дармондааст, баррасӣ мекунанд", - тавзеҳ дод манбаъ аз Сафорати Тоҷикистон.
Дар замони таҳияи гузориш аз Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расида, шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан фиристода мешаванд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон аз ширкатҳои ҳавонавардӣ хост ба тоҷикистониҳо чипта нафурӯшанд
Ёдрас мешавем, ки мақомоти Қирғизистон, дар пайи муноқишаи ахире, ки санаи 29 апрел боиси тирпарронӣ гардид, убури марзро барои шаҳрвандони Тоҷикистон манъ намуда, танҳо барои тарки хоки Қирғизистон, танҳо тариқи 5 гузаргоҳ - "Қулунду", "Кайрагач", "Қизил-Бел", "Бордебо", "Қарамиқ" иҷоза дод.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ду рӯз пеш иттилоъ дод, ки тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст.
Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонид. Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон марзҳояшро боз бо Тоҷикистон баст
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар марз оромист- изҳороти нави КДАМ Қирғизистон дар бораи вазъи марз бо Тоҷикистон
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ду рӯз пеш иттилоъ дод, ки тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст. Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонирд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.