Дар арафаи таҷлили зодрӯзи шоири мардумии Тоҷикистон, Лоиқ Шералӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори нодири мусоҳибаи шоири шаҳир ва марҳуми тоҷик Лоиқ Шералӣ нашр шуд.
Дар он шоир аз мафҳумҳои ифтихори миллӣ мегӯяд ва бахусус таъкид бар он мекунад, ки ифтихори пуч чигуна аст ва бояд чигуна аз он канорҷӯӣ кард. Ҳамчунин Лоиқ Шералӣ дар бораи таърихи бойи тоҷик ва асарҳои мондагор сӯҳбати ҷолибе анҷом додааст.
Ёдрас мешавем, ин мусоҳиба соли 1999 анҷом дода шудааст ва баъди 20 сол нахустин бор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст.
Ҳар фарди ҷомеа худашро тоҷик ҳисоб накунад ва аз Тоҷикистон буданаш ифтихор накунад, узви ҷомеаи мо нест
- Шуури миллӣ дар эҷоди як кишвари мустақил чигуна нақш бозида метавонад?
- Шуури миллӣ ва ғурури миллӣ, ифтихори миллӣ, як мақбула ҳастанд, ки ҳамхун ва ҳамхон ҳастанд. Аммо дар якҷоягӣ дар маҷмӯъ, ғурури миллӣ, ифтихори миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлол аст. То шуур истиқлол надошта бошад, ваҳдат ифтихор, ғурур надошта бошад, ҳар фарди ҷомеа худашро тоҷик ҳисоб накунад ва аз Тоҷикистон буданаш ифтихор накунад, узви ҷомеаи мо нест.
Бигузор мардум аз ман наранҷанд, шуури миллии мо ба камшуури ва бешуурӣ меравад, ҳатто ба кӯрии миллӣ мерасад.
Ба назари ман бо гуфтан, танқид кардан, таъриф кардан ин эҳсосро парвариш кардан душвор аст. Аз оила, кӯдакистон, аз дабистонҳо ва донишгоҳҳо сар карда, ин корро бояд сомон диҳанд, ки воқеан ҳар фарди ҷомеаи мо аз тоҷик будан ва тоҷикистонӣ буданаш ифтихор кунад ва барои ин ифтихораш ҷавобгӯ бошад - дар ҳар мавриди фаъолияти ҷомеавияш.
Дар замони Сомониён, масалан, чӣ қадар ифтихори миллӣ ва шуури миллӣ боло рафта буд. Дар давраи Саффориҳо, Тоҳириҳо, Сомониҳо, ки забони тоҷикӣ, забони форсии тоҷикиро хостанд боло бардоранд, ба маснади давлатӣ биншонанад.
Баъди Сомониён Мунтасир бори дигар Бухороро гирифт. Ӯ аз дасти Ғӯзҳо шикаст хӯрд, аммо кӯшиш кард, ки як бори дигар дар чашми ҷаҳониён нишон диҳад, ки Сомониён намурдаанд, инхел ворисҳо доранд. Баъд Ғӯриҳо, давлати тоҷикҳро дар ҳудуди имрӯзаи Афғонистон барқарор карданд. Дар назди Чорбоғ -тарафи Лучоб як деҳае ҳаст номаш Гӯрахар аст, ки аз ҳамон Ғӯриҳо аст.
Танҳо гуфтан, ки мо фарҳанги бузург дорем - ифтихори пуч аст
- Таҷлилгириҳо дар бардоштани тафаккури миллат нақш мебозанд?
- Бешак, воқеан 1100-солагии Сомониён ба ҳамин хотир аст. Ҷавонҳо, ки имрӯз воқеан фосид шудаанд, агар дар автобусҳо суханронии онҳоро бинед, ба якдигар муроҷиати одииашон, ки аз дашномҳо сар мешавад. Барои онҳост. Ҳатто барои калонсолҳоест, ки торихро намедонанд.
Ифтихорфурӯшии пуч - мо ҳамту мегӯем, ки мо фарҳанги бузург дорем, гузаштаи ғанӣ дорем, аммо вақте ба умқи ин вожа меравем, дар тинати мардум чизе нест - Шоҳномаро мегӯянд, ки аз Фирдавсист, аммо як байт аз он намедонанд...
Мо миллати аҳли китоб ҳастем ва бояд бо китоб ҳамеша зинда бошем. Дар герби давлати мо ҳам акси китоб аст, авал шеър буд, баъд китоб шуд. Воқеан ин ҷашнҳо маҳз барои тарбия ва ифтихоромӯзӣ аст.
Агар дигарон аз ҳеҷ чиз ҳар чиз сохтанд, мо чаро аз ҳар чиз, як чиз насозем?!
- Кадом достонҳо ва сарчашмаҳои торихӣ метавонанд дар бардоштани шууру тафаккур ва бедорсозии рӯҳияи миллӣ нақш бозад?
- Ман гумон мекунам, ки дар дунё миллате нест, ки мисли тоҷик насиҳати зиёд шунида бошад - Авесто, Қуръони Маҷид, Шоҳнома, Маснавӣ, ашъори Ҳофиз, Хайём, Сайидои Насафӣ ва ғайраҳо ин миллатро насиҳат кардаанд.
Мардуме ҳастем, ки насиҳати зиёд гуш кардаем, маълум мешавад, ки ба насиҳат ниёз доштаем. Маҳфилҳое буданд - шоҳномахонӣ, достони Абӯмуслим, Ҳамза инҳоро мехонданд. Инҳо ҳам ба хотири насиҳати мардум будааст.
Дар замони мо Айнӣ, Фитрат, Бобоҷон Ғафуров, Турсунзода барои тарбияи завқ ва маънавиёти мардум хидмат карданд. Тоҷикро бо тоҷик шиносониданд. Ин гапи бисёр тазод аст, ки тоҷикро ба тоҷик шиносонед. Ҳоло ки ин халқ ниёз дорад, ки худашро бо худаш шиносонед.
Ман дар як шеърам ба муносибати имзои сулҳ гуфтам, ки тоҷик бо тоҷик наздик мешавад. Бисёр гапи хандадор аст, аммо воқеият дорад - тоҷикро бо тоҷик шиносонед ва наздик кунед.
Дар паҳлӯи ин мо як навъ бегонапарастӣ ҳам доштем - достони Гурӯғлӣ, ки аз номаш ҳам маълум, ки тоҷикӣ нест, ин қадар моли мо ҳам нест ва он қадар чизи бузург ҳам нест, дар барабари Шоҳнома гузоред, Маснавӣ гузоред, шеъри Ҳофизу Саъдӣ гузоред - чизе нест. Ман муқобили он нестам, ки онро хонанд вале бояд донанд, ки моли мо нест.
Мо дар радио 133 барномаи шоҳномахонӣ доир кардем, шаш ҷилди Шоҳномаро хондем ва се ҷилдаш боқӣ модааст. Ман гуфтам, ки биёед тамом кунем, ки дар дунё ягона нусхае мешавад, ки дар навор сабт шудааст. Инро мешавад як сарвати миллӣ сохт, худаш Шоҳнома, аслан сарвати миллӣ аст. Сабти навориш барои радиои Тоҷикистон ифтихор хоҳад буд.
Шоҳномахонӣ ва Достони Абӯмуслиму Ҳамзаву шеърҳои классикоро хондан, дар тарбияи завқ ва рӯҳонияти миллат хело кӯмак мекунанд.
Ҳазрати пайғамбар мардуми Эронро аҳли китоб гуфтааст
- Ба мардуми тоҷик чӣ таманно мекунед?
- Вақте ки ҳазрати Пайғамбар ба мардуми эронзамин, форс, кишвари Эрон барои гаравидани Ислом нерӯҳо мефиристанд, ин дар ҳадис ҳам ҳаст, ки мегӯяд, "шумо бо мардуми Эрон, мисли мардуми аҳли китоб муносибат кунед".
Мардуми мо бояд ба маънавият рӯ биёрад, агар дур шуданд, аз худ ва Худо дур мешаванд., агар ба худ наздик шуданд, ба Худо наздик мешаванд.