ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар барномаи рушди иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2021 то 2023 таъкид шудааст, ки воридоти нуриҳои кимиёвӣ дар муқоиса бо соли 2020 наздик ба 3 дарсад бештар хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тайи қариб 10 сол аст, ки ягон маҳсулот истеҳсол намекунад ва тақдири он маълум нест.
Соли 2001 ин корхонаро Дмитрий Фирташ сармоягузори украинӣ харид, аммо дар соли 2014 додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ҳукми мусодираи онро содир кард.
Дар соли 2016 як ширкати чинӣ мутаъаҳҳид шуд, ки бо бозсозии ин корхона истеҳсоли нуриҳои кимёвиро ба тадриҷ ба 800 ҳазор тонна дар сол хоҳад расонд, ки ин тарҳ низ иҷро нашуд ва ҳукумати Тоҷикистон қарордодро лағв кард.
Аммо Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии идораи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон, аввали соли равон эълон кард, ки саҳмияҳои корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш ба маблағи 200 миллион доллар фурӯхта шудаанд.
То ҳол дар бораи харидори ин корхона ва усули пардохти қарзи 25 миллион долларии он хабаре нашр нашудааст.