Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тариқи 5 гузаргоҳ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд Қирғизистонро тарк кунанд: рӯйхат

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд Қирғизистонро тариқи панҷ гузаргоҳ тарк кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯйхати гузаргоҳҳоро муаррифӣ кард, ки тавассути онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз қаламрави кишвар берун шаванд. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсат хабар додааст.
Ба далели маҳдудиятҳои муваққатӣ, барои тоҷикистониён танҳо панҷ гузаргоҳ боз хоҳад буд, менависад манбаъ.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон таъкид кард, ки шаҳрвандони ҷумҳурии ҳамсоя метавонанд тавассути гузаргоҳҳои "Қулунду", "Кайрагач" ва "Қизил-Бел" кишварро тарк кунанд.
Ғайр аз ин, барои шаҳрвандони Тоҷикистон дидбонгоҳҳои "Бордебо" ва "Қарамиқ" барои баромадан аз кишвар боз хоҳанд буд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хулоса баровардем: пас аз муноқиша бо Тоҷикистон, Қирғизистон марзҳояшро мустаҳкам мекунад
Раёсат афзуда, ки маҳдудиятҳо ба баъзе категорияҳои сокинони ҷумҳурӣ дахл надорад. Ба ин гурӯҳ шаҳрвандоне, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ кор мекунанд, дохил мешаванд.
Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои шҳрвандони Тоҷикистон, ҷумҳурии ҳамсоя рӯзи 24 май хабар дод.
Дар аввал ин хабар аз раиси Девони вазирони кишвар Улуғбек Марипов садо дода ва баъдан онро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тасдиқ кард.
Ҳамин тариқ, барои шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд, сафари транзитӣ ва иқомат дар Қирғизистон манъ карда шудааст.
Дар баробари ин, маҳдудият барои ҳаракат тавассути гузаргоҳ дар охири моҳи апрел ба сабаби муноқишаи нав дар марзи ду ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон марзбононро кафили амнияти марзҳои Тоҷикистон номид
Ба гуфти мақомоти Қирғизистон, чунин чораҳо ба хотири амният ҷорӣ шудаанд.

Таниш ва созиши Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел шиддат гирифт. Дар маркази тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша сар зад.
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бар ин боваранд, ки иншооти тақсимоти об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо то ҳол соҳиби аслии он муайян нашудааст.
Рӯзи дигар, 29 апрел, муноқиша байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт. Даргириҳо миёни марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз шаш соат идома кард.
Рӯзи 30 апрел вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ду кишвар музокироти фавқулодда баргузор карданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ созиш ба даст омад, аммо рӯзи дигар тирпарронӣ дигарбора сар шуд.
Қирғизистон мехоҳад ба сокинони наздимарзияш силоҳ диҳад - Тоҷикистон чӣ посух хоҳад дод
Рӯзи 2 май ҷонибҳо протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
То 3 май ҳарду ҷониб тамоми таҷҳизоти низомиро аз минтақаи даргирӣ бароварданд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд, 87 нафари дигар бо дараҷаҳои мухталиф ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода тир хӯрд.
Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 маҷрӯҳ хабар дод.
Қисми сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои тақсимнашуда мебошад, тарафҳо натавонистанд тақдири беш аз 70 қитъаи баҳснокро ҳал кунанд.