Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон аз ширкатҳои ҳавонавардӣ хост ба тоҷикистониҳо чипта нафурӯшанд

Ширкатҳои ҳавонавардии Қирғизистон фурӯши чиптаи ҳавопаймоӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистонро манъ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон аз ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳавонавардӣ талаб намудааст, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон чиптаи ҳавопаймоӣ нафурӯшанд, хабар медиҳанд расонаҳои Қирғизистон бо истинод ба Агентии авиатсияи гражданӣ.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи сарнозири шӯъбаи сертификатсияи фурудгоҳҳо ва танзими ҳаракат Женишбек Эсенаманов, манъи фурӯши билети ҳавопаймо ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси фармони девони вазирон аз 21 майи соли равон, ҷорӣ шудааст.
Тибқи ин санад, вуруд, баромадан ва транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон муваққатан манъ карда шудааст.
Паём дар бораи манъи мақомоти авиатсионии ҷумҳурӣ ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ расман 28 майи соли 2021 фиристода шуд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон бо Қирғизистон масъалаи баргардонии як шаҳрвандашро баррасӣ мекунад
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯйхати гузаргоҳҳоро пешниҳод карда буд, ки тавассути онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз қаламрави кишвар берун раванд.
Тоҷикон метавонанд тариқи гузаргоҳҳои Кулунду, Кайрагач ва Қизил-Бел, Бордебо ва Карамик кишварро тарк кунанд. Бояд қайд кард, ки маҳдудиятҳо ба баъзе категорияҳои сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дахл надоранд.
Ёдовар мешавем, Қирғизистон рӯзи 24 май кори дидбонгоҳҳо дар марз бо Тоҷикистонро мутаваққиф кард.
Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел шадидтар шуд. Дар маркази тақсимоти оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша сар зад.
Боздошти се тоҷикистонӣ аз ҷониби сокинони Қирғизистон
Рӯзи дигар, 29 апрел, муноқиша байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои фавқулода дар сатҳи олӣ, задухӯрдҳо то 3 май хотима ёфт.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 87 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Ҷониби Қирғизистон дар ин даргирӣ 36 кушта ва тақрибан 200 маҷрӯҳро дошт.