ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Мақомоти Қирғизистон пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрел дар марз бо Тоҷикистон хулоса бароварда, барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад чораҳо меандешанд, гуфт раисиҷумҳур, Содир Ҷаббборов.
"Пас аз ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон, хулосаҳои возеҳ бароварда шуданд ва барои баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи сарҳадоти миллӣ, ҳифзи ҳаёти осоиштаи сокинони минтақаи наздимарзӣ ва пеш аз ҳама, барқарор кардани муносиботи неки ҳамсоядорӣ ва дӯстонаи байни ду давлат чораандешӣ мешавад ", - гуфт ӯ ба муносибати Рӯзи посдорони марз.
Ба гуфти президент, зарур аст, ки "дар оянда ба чунин ҳаводис роҳ дод нашавад".
"Имрӯз ҷомеа ва давлат дар назди Хадамоти сарҳадӣ барои ба қуллаҳои нави касбият, расидан ва пешгирии вуруди унсурҳои террористӣ, экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳо ба кишвар, вазифаҳои ҷиддӣ мегузорад", - гуфт Ҷабборов.
Ӯ афзуд, маҳз фаъолияти бомуваффақияти хидмати сарҳадбонон имкон медиҳад, ки ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир посухи кофӣ диҳанд, инчунин шароити заруриро барои ҳифзи сулҳу субот дар минтақа, таъмини амнияти қирғизистониҳо фароҳам оранд.
Таниш ва созиши Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел шиддат гирифт. Дар маркази тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша сар зад.
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бар ин боваранд, ки иншооти тақсимоти об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо то ҳол соҳиби аслии он муайян нашудааст. Рӯзи дигар, 29 апрел, муноқиша байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Даргириҳо миёни марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз шаш соат идома кард. Рӯзи 30 апрел вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ду кишвар музокироти фавқулодда баргузор карданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ созиш ба даст омад, аммо рӯзи дигар тирпарронӣ дигарбора сар шуд.
Рӯзи 2 май ҷонибҳо протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд. То 3 май ҳарду ҷониб тамоми таҷҳизоти низомиро аз минтақаи даргирӣ бароварданд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд, 87 нафари дигар бо дараҷаҳои мухталиф ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода тир хӯрда буд.
Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 маҷрӯҳ хабар дод.
Қисми сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои тақсимнашуда мебошад, тарафҳо натавонистанд тақдири беш аз 70 қитъаи баҳснокро ҳал кунанд.