Путин дар бораи силоҳи нави харобиовари Русия гуфт

Ин силоҳҳои нав ва беназири Русия аз намунаҳои хориҷӣ якчанд маротиба бартарӣ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Мушакҳои болдори Русия "Калибр" нисбат ба силоҳҳои хориҷӣ хеле тавонотар ва муассиртаранд.
Дар ин бора сарвари давлат Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбарияти Вазорати мудофиаи Русия ва намояндагони маҷмааи саноатии ҳарбӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, таҳаввулоти охирин аллакай ба ихтиёри нерӯҳо гузаштанд. Ғайр аз он, як қатор намудҳои дигари лавозимоти ҷангӣ ба қувваҳои мусаллаҳи Русия ворид мешаванд.
Русия метавонад ҷаҳонро аз 8000 мушаки болдори НАТО дифоъ кунад
"Ҳоло сарбозон навтарин мушакҳои болдори дурпарвоз Х-101, Калибр, мушакҳои баллистикӣ ва болдори маҷмааи оперативӣ-тактикии Искандар, системаҳои сершумори мушакпарранда, бомбаҳои ҳавоии идорашавандаи калибрҳои гуногун доранд, мегиранд ", - гуфт президенти Русия.
Путин таъкид кард, ки хусусиятҳои "Калибр" аз силоҳи хориҷӣ бартарӣ доранд. Як қатор нишондиҳандаҳо беназир будани мушакҳоро нишон медиҳанд.
Ин дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ алайҳи терорристон дар Сурия тасдиқ шуд, гуфт сарвари давлат.
"Бояд пештар фикр мекардем": ИМА акнун медонад ба Русия чӣ гуна посух диҳад
Илова бар ин, Путин вазифаи муҷаҳҳаз кардани артиш ва флоти Русияро бо миқдори кофии силоҳҳои муосири баландмаҳсули дурпарвоз гузоштааст.
Президенти Русия ба таҳлили муноқишаҳои низомии даҳсолаҳои охир ва таҷрибаи рушди артишҳои пешрафтаи ҷаҳон ишора кард, ки нақши афзояндаи истифодаи мушакҳои болдори пойгоҳҳои гуногун ва муҳимоти ҷангиро нишон медиҳанд.
Путин инчунин зарурати нигоҳ доштани суръати истеҳсоли силоҳи ҳозиразамони зарбазанро дар солҳои наздик изҳор кард.