ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раиси Кумитаи телевизион ва радио, Нуриддин Саид миёни кормандони ин ниҳод озмуни "Эъҷози сухан" эълон намудааст, менависад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, озмуни мазкур ба хотири баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, тақвияти неруи зеҳнию маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва равнақ додани ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, раиси кумита Нуриддин Саид аллакай бо довталабони озмун мулоқот намуда, шарту қоидаҳои озмунро ба онҳо шарҳ додааст.
Мувофиқи низомномаи озмун, маҳорати иштирокдорон аз рӯйи ду номина - китобхонӣ ва шеърдонӣ натиҷагирӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, барои баҳогузорӣ ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда шудааст.
Кумита барои ҷоизадори мақоми аввал дар ҳарду номина 10 000 сомонӣ (ба 2 нафар, ҷамъ 20 000 сомонӣ), ба ду ҷойи дуюм дар ҳарду номина 7 000 сомонӣ (ба 4 нафар дар маҷмӯъ 28 000 сомонӣ) ва ба се ҷойи сеюм дар ҳарду номина 5 000 сомонӣ (ба 6 нафар, дар маҷмӯъ 30 000 сомонӣ) пешбинӣ намудааст.
Нуриддин Саид соли гузашта бо фармони роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин гардид. То таъйин шудан ба ин мақом ӯ вазири маорифи Тоҷикистон буд.