ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Бонувони тоҷик дар даври нимниҳоии Қаҳрамонии муштзании Осиё ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар даври нимниҳоӣ варзишгарони тоҷик – Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
"Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило аз намояндаи Ӯзбекистон Ситора Турдибекова бо ҳисоби 0:5, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60 кило аз варзишгари Индонезия Ҳасанан Ҳусватун бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Ногуфта намонад, ки бори аввал дар таърихи қаҳрамонӣ ба ғолибон ҷоизапулӣ дода мешавад. Ба ғолиби ҳар вазн 10 000 доллар, барои ҷои дуюм 5000 доллар ва барои ҷои сеюм 2500 доллар тақдим мегардад.
Ҳамин тавр, Миҷгона ва Шоира бо медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА сарфароз хоҳанд шуд.
Қаҳрамонии муштзании Осиё 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуда, то 31 май идома меёбад.
Рӯзи 28 май муҳорибаҳои нимниҳоӣ миёни мардҳо баргузор мешаванд, ки намояндагони Тоҷикистон - Баҳодур Усмонов дар вазни 60 кило муқобили Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81 кило ба муқобили Дилшод Рӯзметов аз Ӯзбекистон ба майдон мебароянд.
Ёдрас мешавем, ки Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио намояндагӣ мекунанд.
Бозиҳои олимпӣ аз 23 июл то 8 августи соли равон баргузор мешавад.