Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Президенти Қирғизистон марзбонҳои кушташуда дар сарҳад бо Тоҷикистонро қадрдонӣ кард

Барои далерӣ ва мардонагӣ, ҳангоми адои вазифа се марзбони фавтидаи қирғиз, бо медалҳои "Эрдик" қадрдонӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фармонеро дар бораи мукофотонидани низомиёни ҳалокшуда дар марз, имзо кард.
Мувофиқи ин фармон, марзбононе, ки дар муноқиша дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳалок шудаанд, бо медалҳои "Эрдик" мукофотонида шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар медиҳад..
Барои далерӣ ва шуҷоат ҳангоми адо вазифа мукофотонида шуданд:
Эсентур Кубаничбеков, капитани Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;
Капитани Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Нурсултон Манасбек уулу;
Прапоршики Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Беҳзодбек Юлдошев.

Таниш ва созиши Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел шиддат гирифт. Дар маркази тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша сар зад.
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бар ин боваранд, ки иншооти тақсимоти об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо то ҳол соҳибмулки он расман муайян нашудааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тариқи 5 гузаргоҳ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд Қирғизистонро тарк кунанд: рӯйхат
Рӯзи дигар, 29 апрел, муноқиша байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт. Даргириҳо миёни марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз шаш соат идома кард.
Рӯзи 30 апрел вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ду кишвар музокироти фавқулодда баргузор карданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ созиш ба даст омад, аммо рӯзи дигар тирпарронӣ дигарбора сар шуд.
Рӯзи 2 май ҷонибҳо протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
То 3 май ҳарду ҷониб тамоми таҷҳизоти низомиро аз минтақаи даргирӣ бароварданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хулоса баровардем: пас аз муноқиша бо Тоҷикистон, Қирғизистон марзҳояшро мустаҳкам мекунад
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд, 87 нафари дигар бо дараҷаҳои мухталиф ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода тир хӯрд.
Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 маҷрӯҳ хабар дод.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша мубаддал мегардад. Сабаби асосӣ қитъаҳои тақсимнашуда мебошад, тарафҳо натавонистанд тақдири беш аз 70 қитъаи баҳснокро ҳал кунанд.