Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон бо Қирғизистон масъалаи баргардонии як шаҳрвандашро баррасӣ мекунад

Сафири Тоҷикистон Назирмад Ализода барои ҳалли қазия дар Ӯш қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Тоҷикистон барои баргардондани ду шаҳрванди дармонда - як зан бо наберааш аз Қирғизистон бо мақомоти кишвари ҳамсоя масъаларо баррасӣ мекунад.
Дар ин бора намояндаи дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, феълан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон, Назирмад Ализода дар шаҳри Ӯш, ки дар фурудгоҳаш шаҳрвандони Тоҷикистон банд мондаанд, қарор дорад.

"Назирмад Ализода бо мақомоти Қирғизистон масъалаи шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Ӯш дармондааст, баррасӣ мекунад", - тавзеҳ дод манбаъ.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон Маргарита Расулова, ки аз шаҳри Сургути Русия тавассути Ӯш ба Тоҷикистон баргаштанӣ буд, дар фурудгоҳи шаҳр дармондааст ва мақомоти Қирғизистон иҷозаи убури марзро намедиҳанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Боздошти се тоҷикистонӣ аз ҷониби сокинони Қирғизистон
Маргарита бо набераи шашсолааш 25 май вуруди Қирғизистон гаштааст ва инак се рӯз мешавад, ки наметавонад ба Тоҷикистон баргардад ва ё баргашта Русия равад.
Ёдрас мешвем, пештар мақомоти Қирғизистон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кишвар манъ карданд.
Рӯзи 24 май Кабинаи вазирони кишвар хабар дод, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд, будубош, ҳаракат ва транзит тавассути қаламрави Қирғизистон маҳдуд карда мешавад.
Аммо таъкид мешуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни мамнӯият ҳудуди Қирғизистонро тарк кунанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ултиматум ё зарурат: чаро тоҷиконро ба Қирғизистон роҳ надоданд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз маҳдудиятҳои ҷоринамудаи ҷониби Қирғизистон гуфта, таъкид намудааст, ки ин қарор бидуни ҳеч огоҳӣ қабул шудааст.
Мақомоти Қирғизистон 26 май мусофирони тоҷикистонии ҳавопаймои “Сомон Эйр” – ро дар Бишкек қабул накарда, онҳоро бозпас фиристоданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.