Боздошти Амриддин Нахшов, ки дар пайгард буд: ВКД гуфт худаш ба шуъбаи пулис омад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз таслим шудани Нахшов Амриддин, сокини ноҳияи Данғара, хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Бино ба иттилои котиботи ВКД, Амриддин Нахшови 36-сола, бо моддаи 237 (Авбошӣ) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тотористон таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт.
Қайд карда мешавад, ки рӯзи 27 май шаҳрванд Амриддин Нахшов бо иқрори гуноҳ ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара ҳозир гардидааст.
ВКД гуфтааст, ки Нахшов дар доираи парвандаи ҷиноятии мавҷудбуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Муноқишаи маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ: ВКД се ноболиғу ҷавонеро боздошт кард
Аммо ин ниҳод шарҳи расмӣ надодааст, ки ӯ маҳз чӣ тавр ва ба кадом амал даст задаву аз кай мавриди пайгард қарор дошт.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Нахшов яке аз хешовандони ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон буда, дар як ҷанҷоле дар тарабхонае дар Данғара ширкат кардааст, ки дар пайи он 7 нафар захмӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, онҳо бо кормандони ширкати ҷамъоварикунандаи шираи камол “Мину Фарм”, занозанӣ кардаанд, ки дар он силоҳи сард низ истифода шудааст.