Зани тоҷикро дар Русия ҳамватанаш кушту ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Ҳодисаи куштори муҳоҷирзани тоҷик аз сӯи ҳамватани худ моҳи августи соли 2019 сурат гирифта буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Прокуратураи Тоҷикистон аз зиндонӣ шудани як муҳоҷири тоҷик дар Русия хабар медиҳад, ки дар қатли ҳамватани худ даст доштааст.
Ба хабари ин ниҳод, ҳодисаи куштор дар Федератсияи Русия ҳанӯз соли 2019 сурат гирифта буд.
Гуфта мешавад, ҷасади зани 47 - солаи сокини ноҳияи Ёвонро бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол доданд.
Ҷанҷоли ду ҳамдеҳа ба кордкашиву куштор табдил ёфт: боздошти марди 29-сола дар Душанбе
Зимнан, ҷонибиТоҷикистон барои пайдо ва ҷазо додани муттаҳами ин ҷиноят ба Прокуратураи Русия дархост ирсол намуданд.
"Дар натиҷаи ҳамкории тарафайн, бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки муҳоҷири тоҷик дар натиҷаи муноқиша бо корд ба шиками зани 47 - сола чор зарба задааст, ки охирон зарари ҷиддӣ ба саломатӣ бардошта, вафот кардааст.
Ба ҳамин минвол, бо ҳукми суди шаҳри Митиши вилояти Москва муҳоҷири тоҷик Б.Х.А, дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 6 сол равонаи зиндон шуд.
Номбурда ҷазои ҷиноияшро дар колониям ислоҳии низомаш сахт сипарӣ мекунад.