Лукашенко Путин ва Байденро ба Минск даъват кард

Александр Лукашенко мегӯяд, сарони Амрико ва Русия аллакай вазъи Белорусро телефонӣ баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Лукашенко гуфт, ки агар Байден мехоҳад Беларусро бо Путин баррасӣ кунад, мулоқоти онҳо бояд дар Минск баргузор шавад, менависад БелТа.
Президент қайд кард, ки мулоқоти қарибулвуқӯи Владимир Путин ва Ҷо Байден дар васоити ахбори омма ҳангомабарангез шуд ва маълум аст, ки сарони давлатҳо, аз ҷумла, мехоҳанд вазъи Украина ва Беларусро баррасӣ кунанд.
Дақиқ шуд: Путин ва Байден моҳи июн дар Женева мулоқот мекунанд
"Хуб, бигзор онҳо дар бораи Беларус сӯҳбат кунанд. Ман ва Путин рӯзи ҷумъа Амрикоро баррасӣ хоҳем кард. Ман фақат намедонам, ки Байден дар бораи Беларус чӣ сӯҳбат мекунад. Ӯ лоақал дар харита мавқеи ҷойгиршавии Болорусро дидааст ё хайр", - танзомез гуфтааст Лукашенко.
Ба гуфтаи раҳбари Беларус, мақомоти Амрико тамоман вазъи мавҷудаи ин кишварро намедонанд.
Ҳамзамон Лукашенко гуфт, беҳтар аст вазъи Беларуср дар Минск баррасӣ шавад ва ӯ мехоҳад ба таври ошкоро раҳбарони Русия ва Амрикоро даъват кунад.
"Агар онҳо мехоҳанд мушкилоти Беларусро муҳокима кунанд, бигзор ба наздамон оянд. Ман ҳардуро сазовор пешвоз мегирам ва мо ҳамаи мушкилотро муҳокима хоҳем кард. Ман ҳатто ҳамаи гапҳои нопоке, ки Псаки (котиби матбуотии Кохи Сафед - Sputnik) ба ӯ (Байден - Sputnik) менависад, то охир гӯш мекунам. Аммо дар Шветсария нишастану бо Путин вазъи Белорусро муҳокима кардан, хандаовар аст", - илова намудааст роҳбари Белорус.
Ёдовар мешавем, ки Кремл ахиран сана ва макони баргузории мулоқоти Путину Байденро ифшо кард.
Маълум гардид, мулоқоти сарони Русия ва Амрико рӯзи 16 июн дар Швейтсария баргузор мегардад.
Қаблан сухангӯи Қасри Сафед, Ҷенефер Псаки гуфт, Ҷо Байден ва Владимир Путин вазъи Белорусро низ мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.