Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз боришоти зиёд ва селхезӣ: кадом минтақа дар хатар

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли боришоти зиёди борон ва селхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ожонси ҳавшиносии Тоҷикистон аз боришоти зиёд ва омадани сел ҳушдор дода гуфт, ба кадом минтақаҳо хатар бештар таҳди мекунад.
Рӯзҳои 26-27 май дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари бориши зиёди борон, ба амал омадани сел аз эҳтимол дур нест.
"Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад", - хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар бархе аз навоҳии вилояти Суғд ва Хатлон раъду барқ ба амал меояд, дар шарқи ВМКБ барф меборад.
"Сел омад - фирор кунед": 10 тавсияи КҲФ барои наҷоти ҷони худ аз сел
Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳру навоҳии тобеи марказ дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Борону барф: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик
Дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд. Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел 9 кас ҷони худро аз даст дод.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон фавтиданд, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.