ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони суст меборад.
"Дар шарқи вилоят бориши сусти борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад", - хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар водиҳо асосан бебориш (0-0,5мм) ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Раъду барқ ба амал меояд. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона ва саҳаргоҳон асосан бебориш (0-0,5мм) буда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон дар назар аст.
Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10 -15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.