ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, далели аслии таъхир дар иҷозаи парвозҳои ширкати “Северний ветер”-ро дер расидани мактуби расмии онҳо ба Агентӣ гуфт.
Бегоҳи 25 май як парвози ширкати “Северний ветер” дар масири “Душанбе - Санкт-Петербург” ба таъхир афтод ва беш аз 200 мусофири он натавонистанд парвоз кунанд.
Субҳонзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ки 17 май Агентӣ ба тамоми ширкатҳои ҳавонавардии Русия, ки парвозҳои чартериро анҷом медиҳанд, мактуб фиристода, хост қимати чиптаҳоро аз ҳадди 450 – 500 доллари амрикоӣ боло набаранд
“Аз ширкатҳо равшану возеҳ дархост кардем, ки ба хотири ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандону мусофирон, бояд нархи чиптаи парвозро пойин оранд, то барои ҳама, аз ҷумла қишрҳои осебпазири ҷомиа, дастрас бошад. Чор ширкати русӣ расман тариқи мактуб ризоияту мувофиқати худро бо дархости Агентӣ дарҳол баён карданд ва иҷозаи парвозро ба даст оварданд. Мактуби ширкати “Северний ветер” баъд аз зуҳри рӯзи 25 май ба мо расид”, - гуфт Икром Субҳонзода.
Дар пайи дархости Агентӣ чор ширкати ҳавонавардии Русия - “Ямал”, “Уралские авиалинии”, “Сибир” ва “Ютэйр” тариқи мактуб ризоияту мувофиқати худро баён доштанд ва иҷозаи идомаи парвозҳояшонро ба даст оварданд.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, дар ин миён ширкати “Северний ветер” ба дархости Агентӣ дертар посухи мусбат дод.
“Ҳоло мактуби ширкат дар ҳоли баррасӣ аст. Ҳамин ки иҷоза ёфт, парвозҳояшро идома хоҳад дод. Ин ҷо ягон ғараз нест”, - гуфт Икром Субҳонзода.
Агентии авиатсияи гражданӣ ҳанӯз 11 май парвозҳои ширкатҳои “Северний ветер” ва “Сибир” - ро ба ин далел, ки чиптаҳояшонро расман ба нархҳои баланду ғайривоқеӣ ба фурӯш гузошта буданд, манъ карда буд. Дар ин миён ба ширкатҳо иҷоза дода шуд, парвозҳоеро, ки чиптаҳояшон ба фурӯш рафта буд, иҷро кунанд. Ҳамзамон Агентӣ аз онҳо хоста буд, ки агар нархҳояшонро ба танзим надароранд, иҷозаи парвоз нахоҳанд дошт. Ширкатҳо дар пайи ин ҳушдор розигияшонро барои поин бурдани нархҳо расман баён доштанд.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, ширкати “Северний ветер” танҳо дар як моҳ (аз 16 апрел ба 16 май) - и соли равон ҳудуди 30 парвози чартерӣ анҷом дода, наздик ба 6 500 мусофирро аз Тоҷикистон ба Русия интиқол додааст, дар ҳоле ки ширкати мазкур дар моҳи феврали соли 2020 то давраи муваққатан қатъ шудани парвозҳои байнулмилалӣ бо Тоҷикистон дар хатсайри “Маскав – Бохтар – Маскав” ҳамагӣ 3 500 мусофирро интиқол додааст.