Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон қабули донишҷӯён зиёд мешавад

Имсол қабули донишҷӯён дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба андозаи 1,3 дарсад зиёд карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи ҷойҳо дар мактабҳои олӣ зиёд карда мешавад.
Ҳамин тариқ, қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳои кишвар дар соли хониши ҷорӣ нисбат ба соли 2019 1,3% зиёд мешавад.
Тибқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 57 ҳазору 468 нафар ба нақша гирифта шудааст.
Навори пурраи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон
Аз ҷумла, 12 ҳазору 317 донишҷӯ аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил хоҳанд кард.
То соли 2023 шумораи донишҷӯёни донишгоҳҳо ба 59.789 донишҷӯ хоҳад расид.
Қаблан, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, насли ҷавони ҷумҳуриро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, қайд карда буд, ки шумораи курсҳои касбомӯзӣ то соли 2025 дар кишвар зиёд карда мешавад.
Вай инчунин гуфт, ки дар соли нави таҳсил стипендия барои донишҷӯён дар Тоҷикистон сеяк зиёд карда мешавад.