ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Наҷотбахшони Хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи гузашта ҷасади як занро аз дарёи Варзоб берун оварданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, дар бораи пайдо шудани ҷасади зан ба қисми навбатдории ниҳод, сокинони маҳаллӣ хабар додаанд.
"Хабар дода шуд, ки ҷасад дар дарёи Варзоб ҳудуди деҳаи Ҷангалак пайдо шудааст", - афзудааст ин ниҳод.
Гуфта мешавад, наҷотбахшон бо расидани хабар ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади зани ҷавони тахминан 20-22-соларо берун оварда, ба пулис супурданд.
Аз намояндагии ВКД дар ноҳияи Варзоб ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир шахсияти духтари ҷавон ва сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.
Як рӯз пеш кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар Душанбе ба кушодани дари манзиле, ки кӯдак дар он буд, кумак карданд.
Сигнали кумаказ яксокини бинои нӯҳошёна ба рақами муттаҳидаи наҷоти "112" расид.