ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Дар шаҳри Аммони Урдун мусобиқаи интихобии олимпии Осиё ҷамъбаст гардид. Ин мусобиқа 21 ва22 май бо ҳузури 84 варзишгар аз 28 давлати қораи Осиё баргузор шуда буд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Тоҷикистонро 4 варзишгар Муниса Ойматова, Моҳру Ҳалимова, Муҳаммадҷон Суннатов ва Хуррам Меҳтаршоев дар риштаи таеквандо намояндагӣ намуданд, вале баромади онҳо бидуни натиҷа анҷом ёфт.
Манбаъ меафзояд, Муниса Ойматова дар даври аввал аз намояндаи Покистон Оиша Афсар шикаст хурд.
Муҳаммадҷон Суннатов дар даври аввал варзишгари Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ Мустафо Қарниро мағлуб кард, вале дар чорякфинал намояндаи Қазоқистон Кайрат Саримсоқов варзишгари тоҷикро мағлуб кард.
Хуррам Меҳтаршоев дар чорякфинал бар намояндаи Қатар Алӣ Алараимӣ пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Тайпей Вей-Тинг Лиу ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз варзишгари Қирғизистон Акбар Айтахунов мағлуб шуд.
Моҳру Ҳалимова дар нимфинал аз намояндаи Қазоқистон Кансел Дениз ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз намояндаи Филиппин Кирстӣ Алора шикаст хурд.
Аз 16 квотаи пешбинишуда дар мусобиқаи интихобии Осиё Тайпей 4, Узбекистон 3, Урдун ва Қазоқистон 2, Ветнам, Эрон, Тайланд, Филиппин, ва Чин якроҳхатӣ ба даст оварданд.
Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 8 категорияи вазнӣ (4 вазн миёни мардон, 4 вазн миёни бонувон) бо иштирок 128 варзишгар (дар ҳар вазн 16 нафар) баргузор мешавад.