Тафсилоти нав дар садамаи мудҳише, ки 6 узви як хонавода дар Кӯлоб ҳалок шуданд

Ронандаи автомашинаи "Камаз", ки аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини ин хонавода бархӯрд, бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ сари идораи мошин буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тафсилоти нави садамаи маргбори нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлобро ифшо кард, ки шаш узви як хонавода дар ин ҳодисаи нохуш қурбон шуданд.
Ба иттилои котиботи ВУД- и Тоҷикистон, ҳодисаи маргбор ба айби ронандаи автомашинаи "Камаз", Мумадулои Рустамхони 31 - сола, ки худ низ сокини шаҳри Кӯлоб мебошад, сар задааст.
Гуфта мешавад, Рустамхон, ки сари идораи мошин бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ қарор дошт, дар сурати набаромадан аз ӯҳдаи идораи автомашина, дар гардиши сероҳаи деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи "Опел - Астра", бархӯрд.
Ҳалокати се ҷавони душанбегӣ бар асари садамаи нақлиётӣ дар Файзобод
Ин нақлиётро Икромов Дилшод идора мекард ва ҳамаи мусофирони ӯ пайвандонаш буданд.
Бар тибқи хабарҳо, хонаводаи Дилшоди 37 - сола ба маъракаи арӯсии як хешованди худ раҳсипор буданд.
Дар ин ҳодисаи нохуш, модари хонавода Гулова Заҳрои 63 - сола, бо ду фарзанд: Икромов Фарҳоди 36 - сола, ва Икромова Майдагули 40 - сола ҷон аз даст доданд.
Инчунин келини хонавода, Солиҳова Меҳронбии 34 - сола ва фарзанди ноболиғи ӯ Назризода Шаҳнозаи 8 - сола ба ҳалокат расиданд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.